Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад

Пагоҳ, 29 август, соати 19:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.

Дар фестивал тарроҳи машҳури тоҷик Хуршед Сатторов ва ҳафт тарроҳи дигар либосҳои омоданамударо пешниҳод менамоянд.

Тавре коргардони фестивал Хуршед Мустафозода иброз намуд, бори аввал аст, ки чунин фестивал дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар оғоз тарроҳон либосҳои қадимии миллиро пешниҳод менамоянд. Сипас колексияи тарроҳон иборат аз либосҳои миллии ҷашнию рӯзмарра намоиш дода мешавад.

Ҳадафи ин намоиш тарғиби либосҳои миллӣ мебошад. Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузошта, аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

Хуршед Мустафозода иброз намуд, ки мо нақша дорем чунин фестивалро бо ҷалби дигар тарроҳон дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир намоем.