Натиҷа ва тавсияҳои Конфронси оби Душанбе дар омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 нақши муҳим мегузорад

Натиҷаҳо ва тавсияҳои Конфронси сеюми сатҳи баланди Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни соли 2024 дар Душанбе муваффақона баргузор гардид, метавонанд дар омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2026 /СММ/, ки аз ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал ташкил карда мешавад, нақши муҳим гузоранд.

Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокголм, дар чорабинӣ бахшида ба Конфронси оби СММ – 2026 баён намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазир ҳамчунин аз Конфронси оби СММ – 2023, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва Нидерланд ташкил шуда буд, ёдовар шуда, онро гардиши куллӣ барои дар садри рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор гирифтани масъалаи об арзёбӣ кард. «Мо шоҳиди қабули Рӯзномаи амали об гардидем, ки рамзи тавонои уҳдадории мо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор /ҲРУ/-и марбут ба об мебошад», афзуд Далер Ҷумъа.

«Дар якҷоягӣ бо таҳкурсии пуриқтидори Конфронси оби СММ – 2023, инчунин Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, мо метавонем кафолат диҳем, ки Конфронси оби СММ – 2026 барои ноил шудан ба тамоми Ҳадафҳои Рушди Устувор вобаста ба об суръат мебахшад», гуфт дар анҷоми суханронӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.