Дар Сеул имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул дар ҳамкорӣ бо созмони «International World in Korea» таҳти унвони «Tajikistan Day 2024» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он имконияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ доираи васеи мақомоти фарҳангиву сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.

Унвонҷӯи бахши мудирияти сайёҳии Донишгоҳи Сунчонхянг Суҳайлӣ Каримов иштирокдоронро бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон, ҷозибаҳои сайёҳии гӯшаҳои гуногуни мамлакат ва иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ шинос кард.