МУҲТАВОИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ»

БАРНОМАИ «ДИЁР» -дар ин барнома раванди корҳои ободонию созандагӣ, иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар марказ ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои мамлакат инъикос меёбад. Барнома ҳафтае як маротиба рўзҳои душанбе тибқи нақша барои пахш пешбинӣ шудааст. Муаллиф – Садриддин Охонов

БАРНОМАИ «РАҲ БА РАҲ» – бо мақсади инъикоси имкониятҳои сайёҳии сарироҳӣ рўйи кор омада, ҳадафи асосии он муаррифии нуқтаҳои истироҳатӣ, ошхонаҳои сарироҳӣ ва фурўшгоҳу манзараҳои ҷолиб масири таъиншуда мебошад. Инчунин барнома инъикосгари яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буда, аз бунёду навсозӣ шудани роҳҳо ҳар ба бинандагон маълумот медиҳад. Муаллиф – Наҷиба Раҳимова

БАРНОМАИ «АГРОТУРИЗМ»  – барнома аз хоҷагиҳои кишоварзие омода мешавад, ки дорои инфрасохтори хизматрасонӣ ба сайёҳон ҷиҳати сайру тамошо ва истироҳат мебошад. Дар барнома доир ба имкониятҳои мавҷуда дар иншооти интихобгардида барои ташкили саёҳати аграрӣ маълумот манзур карда мешавад. «Агротуризм» моҳе ду маротиба таҳия шуда, рўзҳои сешанбе манзури бинандагон карда мешавад. Муаллиф: Садриддин Охонов

БАРНОМАИ «ЭКОТУРИЗМ» – дар барнома табиати зебои Тоҷикистон, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва дигар имкониятҳои мавҷуда барои рушд бахшидани саёҳати экологӣ дар мамлакат тарғиб карда мешавад. Ҳамзамон дар барнома бо ҷалби мутахассисони соҳа вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва риояи талабот зимни саёҳат дар мавзеъҳои табиӣ тавсияҳо пешниҳод мегардад. Муаллиф: Акмал Ҳайдарзода

БАРНОМАИ «САЙЁҲИИ ВАРЗИШӢ» – барномаи тавсиявӣ-фароғатӣ буда, ҳадаф аз таҳияи он муаррифии имкониятҳои сайёҳии варзишӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Барномаи мазкур моҳе ду маротиба рўзҳои чоршанбе манзури бинандагон карда мешавад. Муаллиф: Муҳаммадҷон Раҷабов

БАРНОМАИ «ЛАЗЗАТИ ТАБИАТ» – барномаи фароғатӣ-тавсиявӣ буда, ҳадаф аз роҳандозии он муаррифии табиати зебои Тоҷикистон, роҳҳои дуруст омода намудани хўрок дар мавзеъҳои сайёҳӣ ва риояи талаботи ҳифзи муҳити зист зимни саёҳат мебошад. Барнома ҳар ҳафта як маротиба рўзҳои шанбе манзури бинандагон карда мешавад. Муаллиф: Садриддин Охонов 

БАРНОМАИ «НИГОҲИ САЙЁҲ» -мавзўи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистонро дар бар гирифта, дар он назари сайёҳон вобаста ба минтақаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ дониста мешавад. Дар давоми сўҳбат саволҳо бештар дар бораи шароит барои сайёҳон, минтақаҳои писандида барои ҷаҳонгардон, хизматрасонӣ пешниҳод шуда, гардишгарон фикру ақидаҳояшонро баён менамоянд. Муаллиф – Наҷиба Раҳимова

БАРНОМАИ «КУҲНАВАРДӢ» – барномаи фароғатӣ-тавсиявӣ буда, дар доираи имкониятҳои васеъи Тоҷикистон дар самти тақвият бахшидани саёҳати куҳнавардӣ таҳия карда мешавад. Барнома дар як моҳ ду маротиба рўзҳои панҷшанбе омода ва пахш мегардад. Муаллиф: Акмал Ҳайдарзода

БАРНОМАИ «СТРАТЕГИЯ» – ин барнома дар заминаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ гардидааст. Ҳадаф аз таҳияи барнома шарҳу тавзеҳ додани бандҳои Стратегия ва инъикоси натиҷаҳои бадастомада дар асоси он мебошад. Муаллиф: Садриддин Охонов

БАРНОМАИ «ТАРАБХОНА» – фаъолияти ошхонаву тарабхонаҳои Тоҷикистонро барои бинандагон пешкаш менамояд. Дар ҷараёни барнома дар бораи тарзи омода намудани хӯрокҳо ва навъи онҳо дар тарабхона, аз хизматрасонии иншоот ва нарху сифати хӯрокҳо барои бинандагон маълумот дар шакли наворҳои ҷолиб пешкаш мегардад. Муаллиф: Наҷиба Раҳимова  

БАРНОМАИ «РОЗИ СОЗ» – барнома оид ба санъат ва ҳунар. Қаҳрамони асосӣ усто ё ҳунармандест, ки ба сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ машғул мебошад. Дар рафти барнома ҳунарманд тамоми нозукиҳои сохтани асбоби мусиқиро  аз ибтидо то интиҳо нишон медиҳад ва дар бораи кори худ нақл мекунад. Забони барнома тоҷикӣ буда, давомнокияш 20 – дақиқаро дар бар мегирад.

БАРНОМАИ «ГАРДИШ» – барнома роҷеъ ба таъриху фарҳанг, илму ҳунар ва соҳаи  гардишгарии тоҷикон дар гузашта ва имрўз мебошад. Дар барнома  мавзӯҳое интихоб мегарданд, ки дар он гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик, худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддуни ғании мардуми тоҷик ҳам дар самти ҳунар ва гардишгарӣ  дарҷ ёфтааст.  Мувофиқ бар ҳар матлаб мусоҳибон аз доираи ҳамон соҳа низ интихоб мегарданд. Забони барнома тоҷикӣ буда,  давомнокияш 20 дақиқаро дар бар мегирад. Муҳаррир ва таҳиягар – Ҳусейн Ҳасанов

БАРНОМАИ «ФАЗИЛАТИ ҲУНАР» – барнома доир ба  кору рӯзгори  ҳунармандон таҳия гардида, бинандаро бо маҳорату малака ва шавқу завқи  эшон ошно месозад. Барнома дар шакли мусоҳиба, лавҳа ва очерк таҳия шуда, дар фазои кушод, берун аз студия омода мегардад. Қаҳрамони асосии барнома аслан шахсоне интихоб мешаванд, ки ба ҷуз кори соҳавӣ боз шуғл ё ҳунаре доранд. Барнома бо забони тоҷикӣ таҳия шуда, 20 дақиқаро дар бар мегирад.

БАРНОМАИ «ЯК РӮЗИ ДЕҲА» – барнома роҷеъ ба ҳаёти мардуми деҳот,  рўзгордорӣ ва анъанаву расму оинҳои мардумӣ,  танҳо дар як рўз таҳия гардида, ин ҳама рангиниҳои зиндагии мардуми деҳот аз субҳ то шом инъикос мегардад. Барнома дар 30 дақиқа бо забони тоҷикӣ омода мешавад. 

БАРНОМАИ «СОҲИБҲУНАР» – барнома муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ, ҷараёни кори ҳунармандон ва маҳсули меҳнати онҳо мебошад. Ҳунармандон аз тамоми гӯшаҳои кишвар метавонанд қаҳрамони ин барнома гарданд. Барнома дар ҳаҷми аз 20 то 30 дақиқа таҳия мешавад. Муҳаррир – Шодмон Кенҷаев

БАРНОМАИ «АСРОРИ САНГҲО» – Дар ин барнома хусусиятҳои физикиву кимиёвӣ, шифобахшиву мӯъҷизанокӣ, конҳои бузурги истихроҷ ва истифодаи сангҳои гаронбаҳо ҳамчун маснуоти заргарӣ тавсиф карда мешавад. Маълумотҳо бо истифода аз адабиёти илмӣ ва ҷустуҷӯҳои интернетӣ дарёфт карда мешаванд. Муҳаррир – Шодмон Кенҷаев

БАРНОМАИ «АЗ АҲДИ БОСТОН» – муррифии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихии кишвар буда, ҳафтае як маротиба бинандагонро ба сайри таърихи ниёгон мебарад. Дар барнома ковишҳои археологӣ, ҳафриётҳо ва тадқиқоти бостоншиносон вобаста ба ёдгориҳои таърихӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар такя бо назари таърихшиносони кишвар ва сарчашмаҳои таърихӣ пешниҳоди бинандагон мегардад. Муаллиф – Ҷамшед Каримиён