«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА-2023». Аз он беш аз 15 ҳазор тамошобин боздид намуд

Беш аз 15 ҳазор тамошобин аз намоиши  байналмилалии «Шабе дар Осорхона-2023», ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо доир  гардид, боздид намуд. Чунин гуфт дар маросими натиҷагирӣ  аз ин намоиши фарҳангӣ директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Ба иттилои Зафаршо Иброҳимзодабарномаҳои намоиши «Шабе дар Осорхона-2023» аз солҳои қаблӣ фарқ дошта, ба унсурҳои миллии ниёгон нигаронида шуда буд. Номбурда зимнан муҳтавои баъзе аз барномаҳоро васеътар шарҳ дода, онҳоро дар самти муаррифии таъриху фарҳанг таъсиргузор арзёбӣ намуд.

Дар маросими натиҷагирӣ аз иқдоми байналмилалии «Шабе дар  Осорхона-2023» таъкид карда шуд, ки зимни ин намоиш 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида шуд. Намоиши  дастовардҳои Осорхонаи миллӣ, экспонати зиндаи «Шоҳзодаи Фархорӣ», «Маликаи Сосониён –Бурондӯхт»,  «Умари Хайём ва Абурайҳонӣ Берунӣ», «Дарси  устод-шогирд –хушнависӣ», намоиши ҳунарҳои мардумӣ, «навозиши асбоби мусиқӣ», намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар  дастон «Ҳино», фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ, оши палав, намоиши «олами вуҳуш», инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ», шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи «Космо ленд» аз ҳамин қабил буданд.

Инчунин дар ин намоиши фарҳангӣ гӯшаҳои миллии сафоратхонаҳои Арабистони Саудӣ, Фаластин, Русия, Ҳиндустон, Корея, Туркия, Туркманистон, Покистон, Беларус, Фаронса ва  Ҷопон ташкил карда шуд, ки тамошобинон бо фарҳангу анъанаҳои мардумии ин давлатҳо шинос гардиданд.

Барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъол дар намоишу чорабиниҳои фарҳангии Осорхонаи миллӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сарпарасти кулли намоиши «Шабе дар Осорхона» дар соли 2023 ширкати «FIFTYFIVE GROUP», сарпарасти расмии чорабинии «Шабе дар Осорхона» дар соли 2023 корхонаи полиграфии «Графика ПРИНТ», МДК «COSMO LAND», ширкати  «ШОКОЛАТЬЕ», ҶДММ «АНАС АВРУПО ВА ОСИЁ» ва дигар муассисаю шарикони чорабинӣ бо «СИПОСНОМА»-и Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафароз гардонида шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон