Қадршиносии арзандаҳо

Санаи 23.05.2023 дар ҷаласаи пагоҳирӯзии кормандони Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мувофиқи Фармоиши раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2023 таҳти № 14/009 барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи телевизион ва радио тибқи зербанди 13, банди 6-и Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони зерин:

1. Ҳасанов Ҳусейн – сардори Раёсати барномаҳои таҳлилӣ (ҳунармандӣ)

2. Каримов Ҷамшед – муовини сардори раёсати гузоришҳо ва пахши мустақим (сайёҳӣ) бо нишони “Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон”

3. Шарипова Манзура – муҳаррири варзидаи раёсати барномаҳои таҳлилӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Аз номи кулли кормандони Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” онҳоро муборакбод намуда, барояшон муваффақиятҳо ва парвози баланди эҷодӣ таманно дорем.