«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалӣ гузаронида мешавад

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май доир мешавад, 18 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона»  баргузор мегардад.

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар доираи баргузории иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» 24  маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» дар толорҳо, роҳравҳо ва саҳни   Осорхонаи миллии Тоҷикистон   намоиши  дастовардҳои Осорхонаи миллӣ, нигораҳои «Шоҳзодаи Фархорӣ», «Маликаи Сосониён –Бурондӯхт»,  «Умари Хайём ва Абурайҳонӣ Берунӣ», «Дарси  устоду шогирд –хушнависӣ», намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши асбоби мусиқӣ, намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар  дастон «Ҳино», фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ, оши палав, намоиши «олами вуҳуш», инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ, шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи «Космо ленд» ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар ин шаб дар намои берунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамзамон филми ҳуҷҷатии «Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон» намоиш дода мешавад.

      АКС: АМИТ «Ховар»