СЯМЭН-ДУШАНБЕ. 10 СОЛИ РОБИТАҲОИ БАРОДАРШАҲРӢ. Дар шаҳри Сямен намоиши аксҳо ва ҳамоиш доир шуд

14 май дар Осорхонаи шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба 10-солагии барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи аксҳо ва ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур дар ҳамкорӣ байни шаҳрдории Душанбе ва Сямэн сурат гирифта, зимни он намояндагони сохторҳои мухталифи ҳукумати шаҳр, ассотсиатсияи дӯстии шаҳрӣ, Федератсияи санъат ва ҳунар, устодон ва шогирдон аз Донишгоҳи Сямэн, доираҳои тиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи ин санаи фархундаи робитаҳои бародаршаҳрӣ инчунин дар мавзуи «СҲШ ва иқтидори рушди Осиёи Марказӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Бояд тазаккур дод, ки расмҳои пешниҳодгардида таҷассумгари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, манзараҳои зебои шаҳри Душанбе, дастовардҳои шаҳр тӯли солҳои гуногуни мавҷудият, лаҳзаҳои истироҳату фароғати шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти сокинони пойтахтро инъикос намуданд.

Тайи даҳсолаи сипаришуда шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн дар руҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо ба натиҷаҳои муайян ноил гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Ёддошти тафоҳум дар хусуси паймони бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн 10 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе