Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд

Интизор меравад, ки шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон ба 10,78 миллиард расад, ки 74,4 фоизи сатҳи соли 2019 — ро ташкил медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар Гузориши рӯзи чоршанбе нашршуда оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳонии сайёҳӣ дар соли 2023 гуфта шудааст.

Соли равон даромадҳо аз соҳаи сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон ба 5 триллион доллари ИМА мерасад, ки 86,2 фоизи сатҳи соли 2019-ро ташкил медиҳад,- чунин бармеояд аз Гузорише, ки аз ҷониби маркази омӯзиши сайёҳии назди Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ нашр шудааст.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон соли 2022 9,57 миллиардро ташкил дода, даромади сайёҳӣ дар маҷмуъ ба 4,6 триллион доллари ИМА расидааст.

«Иқтисоди ҷаҳонии сайёҳӣ тадриҷан барқарор мешавад ва саноати ҷаҳонии сайёҳиро ояндаи дурахшонтаре интизор аст», баён намуд директори маркази омӯзиши сайёҳӣ Сун Жуй.

«Аммо мо инчунин бояд дарк кунем, ки барқарорсозии сайёҳӣ ба рушди макроиқтисоди ҷаҳонӣ алоқаманд буда, номуайянӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба дурнамои саноати сайёҳӣ таъсир мерасонад»,-илова намуд ӯ.

Гузориши солона, ки бори аввал соли 2016 нашр шуд, таҳлили амиқи тамоюлҳои соҳаи сайёҳиро дар бар гирифта, барои пешниҳоди пешгӯиҳои илмӣ ва тавсияҳои арзишманд оид ба рушди сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон пешбинӣ гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз