«НТВ», «МОЯ ПЛАНЕТА», «BBC WORLD NEWS», «NATIONAL GEOGRAFIC». Захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои маъруфи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва тарғиб карда мешавад

23-28 апрел бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ҳамкорӣ бо ширкати истеҳсолии оби “Сиёма” ҳайати эҷодии барномаи маъруфи  шабакаи  телевизиони «НТВ»и Федератсияи Русия «Поедемпоедим!» ба Тоҷикистон омад. Тибқи барномаи тарҳрезишуда, зимни сафар ҳайати эҷодии барнома бо имконоти сайёҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ аз наздик шинос шудатарзи омода намудани таомҳои миллиро ба навор  гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон Кумитаи рушди сайёҳӣ якчанд шабакаи бонуфузи иттилоотии ҷаҳонӣ, аз қабили “НТВ” ва “Моя планета”-и Федератсияи Русия, “BBC World News” ва “National Geografic”-ро ҷалб намуд, ки дар ин замина табиати нотакрор, мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакатамон ба навор гирифта шуда, таблиғу ташвиқ мегардад.

Барномаи «Поедем, поедим!» лоиҳаи маърифатӣ-таблиғотӣ буда, дар қаламрави Федератсияи Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон пахш ва  тавассути барнома фарҳангу тамаддун ва имконияти сайёҳии кишварҳои дунёро муаррифӣ менамояд.

Ёдрас мешавем, ки ҳайати эҷодии барномаи мазкур бори сеюм аст, ки аз мамлакати мо дидан менамояд.

Давоми моҳҳои май-июн сабти барномаи телевизионии “Магия вкуса” тариқи шабакаи “Моя планета”-и Федератсияи Русия ва сабти видеороликҳои тарғиботӣ бо хронометражи 15, 30 ва 120 сония тариқи шабакаи ҷаҳонии “BBC World News”, инчунин таҳияи филми мустанад оид ба имконоти сайёҳӣ тариқи шабакаи ҷаҳонии “National Geografic” оғоз мегардад.

Имсол намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат аз ҳисоби мақоми ваколатдори соҳа ва бахши хусусӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон-2023 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, “ITB Berlin-2023” дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон, “MITT-2023” дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, Форуми байналмилалии сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар шаҳри Лондони Британияи Кабир, “Arabian Travel Market” дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолона иштирок менамоянд. Муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар ин барномаҳо дар сатҳи муносиб таъмин карда шуда, ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ва ҷаҳонгардон мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар замони муосир таҳия ва пахши барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Ватани маҳбуби мо мусоидати ҳамаҷониба менамояд. Дар айни замон субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ барои тарғиби маҳсулоти сайёҳии худ аз телевизион, радио, матбуот, сомонаю шабакаҳои интернетӣ, лавҳаҳои тарғиботӣ ва дигар воситаҳои имконпазири иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ