Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилали Риёз-2023

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити ҷолиби табиию ҷуғрофӣ ва иқлими мусоид барои рушд бахшидани намудҳои гуногуни сайëҳӣ имконияти васеъро доро мебошад. Мероси нодири таърихию фарҳангии миллати тоҷик боис мегардад, ки таваҷӯҳи сайëҳони хориҷӣ ба ин сарзамини биҳиштосо бештар шавад.

Боз як қадами дигар дар тақвият ëфтани соҳаи сайëҳӣ гузошта шуд. Имкониятҳои мавҷудаи сайëҳии мамлакат дар намоишгоҳи байналмилали Риëз -2023 муаррифӣ гардид.

Дар ин чорабинӣ, ки аз 22-юм то 24-уми май баргузор мешавад, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳои вобаста ва ширкатҳои сайëҳӣ иштирок доранд.  Дар намоишгоҳ самтҳои афзалиятноки соҳаи сайëҳии дар Тоҷикистон рушдëбанда, аз ҷумла сайëҳии кӯҳӣ, хоса кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, ва рафтинг, инчунин саломатӣ, экологӣ, шикор ва моҳидорӣ, таърихӣ, маърифатӣ ва этнографӣ муаррифӣ карда шуд. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои вобаста ва ширкатҳои сайëҳии мамлакат имкон пайдо намуданд, ки бо истифода аз воситаҳои муосири тарғиботӣ табиати дилангез, қуллаҳои баланд, водиҳои зебоманзар, мавзеъҳои истироҳатӣ, расму оин, фарҳанги бою пурғановат ва ҳунарҳои мардумию таомҳои милии тоҷикиро ба оламиëн муаррифӣ намоянд.

Дар чорабинӣ намояндагони зиëда аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд ва аз гӯшаи Тоҷикистон, ки густурда ташкил гардида, зарфиятҳои зиëди сайëҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, мафтуни зарфиятҳои сайëҳии мамлакати мо гардиданд. Онҳо ба табиат ва манзараҳои зиндаи ватан, ҳайвоноту набототи нодир ва фарҳангу маърифати баланди миллати тоҷик мароқ зоҳир карданд. Ҳар як иштирокчӣ, бахусус ширкатҳои сайëҳии хориҷӣ ҷиҳати ташкили хатсайрҳои сайëҳӣ бо ҷалби шумораи зиëди сайëҳон дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ намуданд. Намояндагони ширкатҳои сайëҳии ҷумҳурӣ имкон пайдо карданд, ки роҳҳои нави ҳамкориро бо ҳамтоëни худ дарëфт намоянд.

Дар намоишгоҳ меваҳои шаҳдбори аз лиҳози экологӣ тоза ва ҷамъоварии он дар боғ, сабзавоти тару тоза, зироатҳои полезӣ, хушкмева, асали болаззат, шарбатҳои меваю сабзавот ва иду ҷашнҳои миллии марбут ба соҳаи кишоварзӣ, ки асоси рушд бахшидани агротуризм дар Тоҷикистон мебошанд, муаррифӣ карда шуд.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намошгоҳ дар доираи Стратегияи рушди сайëҳӣ барои давраи то соли 2030 иштирок намуданд. Иштирок ва муаррифии зарфиятҳои сайëҳӣ дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳадафҳои дар Стратегияи мазкур дарҷшуда дар сатҳи зарурӣ амалӣ карда шаванд.