Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад

Аз 4 то 7 май дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар намоишгоҳи мазкур беш аз 60 ширкати молистеҳсолкунанда ва хизматрасонии ватанӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Малайзия, Русия, Узбекистон, Эрон ва Ҳиндустон иштирок мекунанд.

Иштирокчиёни намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра молу маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш пешкаши харидорону меҳмонон менамоянд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон