Дар Душанбе масъалаи ҳамкории илму маориф ва рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд

Ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти маорифу рушди сайёҳӣ хеле назаррас аст. Ин нукта 5 май зимни мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насибахон Содиқӣ ва муовини раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба туризм ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ Наталя Костенко баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории судманд дар самти сайёҳӣ ва қонунгузорӣ таъкид намуданд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва сайёҳию муҳоҷират сол аз сол заминаи хуб касб намуда, ҳамеша дар ҳоли рушд қарор доранд.

Байни ду давлат робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқа дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст. Роҳбарони ҳар ду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин ҳангоми ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту суҳбатҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки зимни онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия ба таври мушаххас баррасӣ мегардад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон