Ширкати «Каян»-и Арабистони Саудӣ хостори ҳамкорӣ дар самти кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо вилояти Хатлон мебошад

Роҳбарияти Ширкати «Каян»-и Арабистони Саудӣ оид ба ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалии вилояти Хатлон мароқ зоҳир намуда, тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати ҷалби сайёҳон аз кишвари худ ба ин минтақа тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин хусус 6 апрел зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати «Каян»-и Арабистони Саудӣ Шайх Туркӣ Абдул Раҳмон Ал-Сайлон иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар мулоқот таъкид гардид, ки муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ сол то сол тавсеа ёфта, равобити фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ омили муҳими тақвияти ин ҳамкорӣ маҳсуб мешавад.

Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки дар ҳудуди марзию маъмурии вилоят 25 шаҳру ноҳия дохил буда, шумораи аҳолии он зиёда аз 3,6 миллион нафарро ташкил медиҳад. Чуноне Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мамлакати аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта мубаддал намудани Тоҷикистон мебошад. Зеро сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бошуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар вилоят 931 адад ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 116 адад меҳмонхона, 139 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 217 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 139 адад тарабхона, 45 адад осорхонаҳо, 19 адад ширкатҳои сайёҳӣ, 128 адад чойхона, 368 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 50 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 238 адад ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 67 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 адад зиёратгоҳҳо, 45 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 21 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Иброз гардид, ки дар қаламрави вилоят ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла қалъаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш, мадрасаи «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки «Тахти сангин»-и ноҳияи Қубодиён ҷойгиранд, ки таърихи зиёда аз 2700- сола дошта, ба мероси умумиҷаҳонии Юнеско дохил гардидаанд. Сайёҳон аз ин мавзеъҳо мунтазам дидан менамоянд.

Зимни мулоқот ҳайати меҳмонон иброз намуданд, ки мақсади омадани онҳо ба вилояти Хатлон — ин шиносоӣ бо ёдгориву мавзеъҳои таърихии ин минтақа буда, хостори тақвияти ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ мебошанд.

«Ҳамзамон мо метавонем робитаҳои тиҷоратиро дар самти маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монем», -иброз доштанд онҳо.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон