ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба он бо забонҳои хориҷӣ ҳамоиш баргузор гардид

Дар партави Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 22 то 24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти ҳамраисии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд баргузор гардид, дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки мутахассисони соҳа бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамоиши илмӣ — амалӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Роҳбарияти Донишгоҳ аз ташаббусҳои таърихиву ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили об ёдовар гардид. Иброз дошта шуд, ки дастгирии пешниҳодоти Тоҷикистон ва қабули нуҳ қатънома дар ду даҳсола аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об ва раисии Президенти Тоҷикистон дар Конфронси ҷаҳонии сатҳи баланд мояи ифтихори кулли тоҷикон ва  нишонаи бузурги эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон аст.

Намояндаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ аз иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳо дар бораи ҳифзи муҳити зист, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Дар ҳамоиш намояндагони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъ, ҳолат ва дурнамои обу пиряхҳои мамлакат ва ҷаҳон бо забонҳои хориҷӣ ва слайдҳо маърузаи илмӣ пешниҳод карданд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони соҳа бо рӯнамоиҳои ҷолиб доир ба пиряхҳо, озмоишҳо ва оқибатҳои обшавии пиряхҳо суҳбатҳои судманд анҷом дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлатро дар ин самт саривақтию бузург ва мондагор номиданд.

Мояи ифтихор аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаро дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон