«ТАХТИ ТОҶИКОН». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи шаҳри Душанбе

Бахшида ба Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, суратгири АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе дидан намуд.

Осорхонаи мазкур дар Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол», ки ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 8 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, воқеъ гардидааст.

Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.

Ҳангоми даромад ба осорхона диққати бинандаро бештар тахти шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки дар як гӯшаи алоҳида ҷойгир аст, ҷалб менамояд. Тахти Исмоили Сомонӣ бо тамоми унсурҳои таърихӣ ва ороиши деворнигораҳои таърихӣ аз Афросиёб, Варахша, Панҷакенти Қадим ва Бунҷикат, ки ҳунармандони тоҷик онҳоро аз санг барқарор намудаанд, гузошта шудааст.

Тоҳирҷони Саид,
АМИТ «Ховар»