Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нави Раёсати молияро ифтитоҳ намуданд

25 апрел дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он ҳамаи шароити корӣ ҷиҳати фаъолияти босамари кормандони соҳаи молияи шаҳри Левакант муҳайё сохта шудааст.

Бинои Раёсати молия дар шаҳри Левакант дуошёна буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, китобхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Иншооти нав бо тарҳи муосир дар масоҳати 0,09 садяк замин бунёд гардида, масоҳати зери сохтмон 285,8 метри мураббаъ мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин бино бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардида, тадбирҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Планета БАФ” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом додааст.

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии иншоот қариб 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконияти корӣ дар бинои нави Раёсати молияи шаҳри Левакант Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат муваззаф сохтанд.

Ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдорӣ баён карда, қавл доданд, ки талоши худро ба ташаккули низоми молиявии мамлакат равона месозанд.