Дар Панҷакент бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конфронси минтақавӣ доир шуд

Ҳоло ба рӯйхати пешакии мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО нуҳ ёдгории таърихиву фарҳангии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, долони «Зарафшон-Қароқум», аз ҷумла ёдгориҳои Ҳисорак (Кӯҳистони Мастчоҳ), Кӯҳи Муғ, Гардани Ҳисор (Айнӣ), Тали Хамтӯда, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, қалъаи Санҷаршоҳ, системаи обёрикунии Тӯхсанкорез ва Панҷакенти қадим (Панҷакент) шомил гардидаанд. Ин нукта 11 апрел зимни баргузории конфронси минтақавӣ баён карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Конфронси мазкур таҳти унвони «Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии долонҳои шоҳроҳи бузурги абрешим ва ҳамгироии  минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки ҳамасола 18 апрел  гузаронида мешавад, доир шуд.

Дар конфронси минтақавии илмӣ-назариявӣ олимону коршиносони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон иштирок карданд.

Дар оғози ҳамоиши илмӣ таъкид карда шуд, ки ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, таҳқиқ ва муаррифии онҳо дар миқёси ҷаҳон дар сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хосса дорад ва дар ин самт ҳамасола корҳои зиёд анҷом дода мешавад.

Дар конфронс роҳбарияти шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси Институти тадқиқотии байналмилалии Осиёи Марказӣ, ва дигарон оид ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», таҳқиқи ёдгориҳои таърихӣ бо истифода аз технологияи ҷадид, омода намудани санадҳои зарурӣ ва шартҳои ба феҳристи мероси фарҳангии башарӣ ворид кардани онҳо, робитаҳои марказҳои илмии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар таҳқиқи ёдгориҳои таърихӣ сухан гуфтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент