Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт

«Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ дар офаридаҳои рассомон»- таҳти чунин унвон  имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ намоиши асарҳои рассомони тоҷик  ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод.

Дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ мусаввараҳои офаридаи рассомон З. Довутов «Эҳё», В, Бровидский «Масҷид дар Ҳисор», М.Бекназаров «Устод ва шогирдон», В. Сидоренко «Масҷид»,  А. Камелин «Ҷомӣ дар китобхонаи Ҳирот»,  Х.Хушвахтов «Самарқанд», Н.Юлдошев «Бухорои куҳан», В. Сидоренко «Ишғоли қалъаи Ҳисор», Р. Абдурашидов «Қалъаи сурх»,  Г.Манизер «Манораи калон»,  А.Камелин «Мадрасаи нав дар Ҳисор», З. Довудов «Симои Абуалӣ ибни Сино», Э.Олимов  «Шоми қалъа» ва Д.Яқубова «Қалъаи Ҳисор» пешниҳод гардид. Асарҳои рассомон, ки ба маъраз гузошта шудаанд, аҳамияти таърихӣ ва осорхонавӣ дошта, доир ба ёдгориҳои меъмории халқи тоҷик ва инъикоси онҳо дар эҷодиёти рассомон қисса мекунанд.

Дар доираи намоиши асарҳои рассомони тоҷик  дар  Осорхонаи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид, ки  дар он  Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Осорхонаи миллӣ ва котиби генералии Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Дар идомаи барномаҳо озмуни ҷумҳуриявии Беҳтарин мақола дар мавзӯи  «Ҳифзи мероси таърихӣ –вазифаи ҳар яки мост!», ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ифтихори Рӯзи  байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эълон гардида буд, ҷамъбаст  ва ғолибон қадрдонӣ шуданд.

Баъд аз анҷоми ҳамоиш бо иштироки аҳли ҳунар барномаи фарҳангию театрӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид.

Намоиши «Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ дар офаридаҳои рассомон» дар Осорхонаи миллӣ то 1 май  идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон