«БРЕНДИ СОЛ-2022». Дар озмуни ҷумҳуриявӣ 110 бренди ватанӣ дар 15 номинатсия пешниҳод карда шуд

26 апрел дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2022» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд.

Дар оғози ҳамоиш аз ҷониби роҳбарият иброз гардид, ки мақсади асосии озмуни мазкур  дар доираи ҳадафу афзалияти муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини рушди бахши хусусӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони молу хизматрсонии ватанӣ ва ташвиқу тарғиби брендҳои ширкатҳо дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосии озмун- ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагон ба моҳият ва нақши бренд дар тиҷорат, ҳавасманд намудани онҳо барои ба даст овардани тамғаи молӣ ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо мебошад.

Маросими мазкур ҷиҳати иҷрои банди дахлдори “Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ташкил карда шуд.

Бояд гуфт, ки озмуни «Бренди сол» бори чорум аст, ки дар ҷумҳурӣ доир мешавад. Дар он 110 бренди ватанӣ дар 15 номинатсия ва 32 зерноминатсия пешниҳод карда шуд.

Ғолибони озмунро ҳакамони мустақил иборат аз намояндагони вазорату идораҳо ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуданд.

Дар озмун корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, аз қабили ҶДММ «Акиа», «Авесто Автоматив Индастри», ҶДММ «Маколли» ҶСП «Фабрикаи кондитерии «Ширин», КВД БА ҶТ «Амонатбонк», ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ва ғайра иштирок намуда, сазовори ҷоиза гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз