Ҷамъбасти озмуни “Сарзамини ман”

Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шаҳрвандон ба ташвиқу тарғиби манзараҳои зебои Ватан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистон Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсими навбатии озмуни телевизионии «Сарзамини ман»-ро роҳанзозӣ намуда буданд, ки аз аввали моҳи январи соли равон то фарорасии Наврўзи байналмилалӣ идома ёфт.

Дар озмун қариб 300 нафар шаҳрвандон аз гўшаву канори мамлакат иштирок намуданд. Иштирокдорони озмун манзараҳои зебою барфпўшро бо истифода аз дастгоҳи аксбардорӣ ва телефонҳои ҳамроҳ аккосӣ намуда, ба кумитаи тадорукоти озмун ирсол карданд.

Аз рўи баҳои ҳайати ҳакамон 3 нафар (Саҳобиддин Устозода аз ноҳияи Варзоб, Хуршед Каримов аз ноҳияи Восеъ  ва Шералӣ Зайниддинов аз ноҳияи Файзобод) бо сипосномаи Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» қадршиносӣ гардиданд.

Барои ғолибони мақомҳои ифтихорӣ Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» диплом ва мукофоти пулӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои хотиравӣ таъсис доданд.

Аз рӯи баҳогузории доварон ва назарсанҷиҳо Фирӯз Каримзода ва Ҷаҳонгир Юсуфов аз шаҳри Душанбе ва Абӯалӣ Раҷабов аз ноҳияи Темурмалик ба гирифтани мақоми сеюм, Фаррух Файзуллозода – корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дидор Саъдуллоев –суратгир аз шаҳри Душанбе ба мақоми дуюм ва корманди нашрияи расмии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” Комрон Сафаров ба мақоми аввал сазовор гардиданд.

Озмун дар рўзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврўз ҷамъбаст гардида ба ғолибон диплом, мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Озмуни акси беҳтарин дар мавзуи “Сарзамини ман” вобаста ба фаслҳои сол мунтазам доир карда мешавад.