ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ. Иқтидору имконияти сайёҳии Тоҷикистон ба донишҷӯёни Ҳиндустон муаррифӣ карда шуд

Ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила зиёд намудани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат аз ҷониби устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон муаррифӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки муаррифии дастовардҳои бахши сайёҳии Тоҷикистон ба донишҷӯёни Ҳиндустон дар доираи баргузории конфронси IV муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор ҷараён гирифт.

Устодони Донишгоҳ зимни баргузории машғулият оид ба масъалаҳои вобаста ба рушди сайёҳӣ, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳа, инфрасохтор ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳон, инчунин шароиту имконияти омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ дар дохили мамлакат ибрози андеша намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон