«Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Ҷидда ва Хуҷанд-Ҷидда парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз менамояд

Шуруъ аз имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд оғоз менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе амалӣ карда мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе — 14:30, аз Ҷидда — 19:30, рӯзҳои якшанбе аз Душанбе 22:30, аз Ҷидда — 04:00 (субҳи душанбе) ба вақти маҳаллӣ муқаррар карда шудааст.

Аз Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд парвозҳо ба самти Ҷидда рӯзҳои сешанбе,  соати 21:00 ва аз фурудгоҳи Ҷидда ба самти Хуҷанд соати 02:00 (шаби чоршанбе) сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро карда мешаванд.

Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз