РУШДИ СОҲИБКОРИИ ЗАНОН – САМТИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон бори аввал оид ба рушди соҳибкории занон барномаи алоҳида таҳия мегардад

Дар Тоҷикистон бори аввал оид ба рушди соҳибкории занон барномаи алоҳида — Барномаи рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия мегардад. Дар арафаи Рӯзи Модар, ки ҳамасола 8 март бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, андешаҳои роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДАро доир ба саҳми занони мамлакат дар рушди соҳибкорӣ ва тадбирҳои андешида дар самти таваҷҷуҳ ба соҳибкории занон пешкаши хонандагон мегардонем. 

— Дар Тоҷикистон имрӯз ҳиссаи занони соҳибкор зиёда аз 25 фоизи шумораи умумии соҳибкорони инфиродии мамлакатро ташкил дода, қариб 15 фоизи роҳбарони корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби занон  мебошад, ки ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими мақоми занон  дар ҷомеа ва дар ин самт бо ташаббуси Сарвари давлат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул ва татбиқ гардидани якчанд барномаву стратегияҳо шаҳодат медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба самти таҳкими мақоми занон  дар ҷомеа пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, зеро ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва тадбирҳои амалӣ дар ин самт аз ҷумлаи иқдоми муҳим ҷиҳати боло бурдани манзалати зан дар ҷомеа мебошад.

Мояи ифтихор ва қаноатмандист, ки дар даврони истиқлоли мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими мақоми занон  дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, якчанд барномаву стратегияҳо татбиқ гардиданд.

Муҳиммияти ҷалбу ба муҳити корӣ фарогирии занонро имрўзҳо тамоми ҷаҳон эътироф намудааст. Барномаи дастгирии соҳибкории занон  дар ҳамоиши 74-уми  Маҷмаи Умумии СММ ташкил ва роҳандозӣ шуд. Ҳадафи санад ба ҳадди аксар расонидани таъсири соҳибкории занон  барои ноил шудан ба рушди устувор тавассути эҷоди эконизоми мусоид барои занони соҳибкор дар саросари ҷаҳон мебошад.

Тавре аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум мегардад, занон  тавассути эҷодкорӣ ва навоварӣ, масъулияту лаёқати хоси иҷтимоии худ дар фаъолияти соҳибкорӣ  сатҳи баланди даромаднокӣ, самаранокӣ ва мавқеи устуворро дар ширкатҳое, ки дар он ҷо фаъолият мекунанд, таъмин менамоянд.

Дар ин робита, фароҳамоварии шароити мусоид барои фаъолияти босамари занон  дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро махсус метавон иброз кард.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти соҳибкории занон  бомаром инкишоф ёфта, саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат, хусусан ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, иншооти иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои корӣ хеле назаррас гардида истодааст.

Тавре маълум аст, занони боистеъдод ба ҳайси роҳбарони корхонаҳои хурду бузург, муассисаҳои молиявию бонкӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони ассотсиатсияву ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Имрўз ҳиссаи занони соҳибкор зиёда аз 23 фоизи шумораи умумии соҳибкорони мамлакатро ташкил дода, қариб 15 фоизи роҳбарони корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби занон  мебошад, ки солҳои охир батадриҷ афзоиш меёбад. Тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занону духтарон дар рушди иқтисодии мамлакат, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занону духтарони соҳибкор аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошад, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамасола барои дастгирии занони соҳибкор 80 гранти президентӣ ҷудо мегардад, ки яке аз воситаҳои беҳтар намудани вазъи иқтисодии занон  ва оилаҳои онҳо, инчунин баланд бардоштани маърифати молиявию ҳуқуқии занони соҳибкор ба ҳисоб меравад.

Озод гардидани занони соҳибкор аз андозбандӣ дар давраи рухсатии ҳомиладориву таваллуд ва ҳунармандоне, ки дар хона фаъолият доранд, аз тадбирҳои дигари дастгирии давлатии фаъолияти занони соҳибкор ба ҳисоб меравад.

Имрўзҳо дар ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд  фаъолият дошта, дар доираи он масъалаҳои соҳа баррасӣ ва тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тадбирҳои амалигашта имкон доданд, ки аз рӯи Шохиси занон, тиҷорат ва ҳуқуқ мавқеи ҷумҳурӣ дар соли 2022 дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи намоён  буд.

Дар баробари ин, бо мақсади мукаммалсозиву содагардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои соҳибкории занон, бахусус, дастрасӣ ба захираҳои молиявии арзон, таъмини инфрасохтор ҷиҳати фаъолияти самараноки занон  ва касбомўзиву баланд бардоштани малакаи соҳибкории онҳо, тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 22-юми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳибкории занон  барномаи алоҳида — лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории занон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия мегардад.

Мақсади асосии барномаи мазкур- зиёд намудани шумораи занони соҳибкор, ташкили ҷойҳои нави корӣ, пурзӯр намудани заминаҳои қонунгузории фаъолияти занони соҳибкор ва дигар ҷанбаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи Барнома ба се самти асосии рушди соҳибкории занон  дар ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 равона мегардад:

Якум, мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди соҳибкории занон.

Дуюм, тағйир додани тамоюли тахассусии самтҳои соҳибкории занон  ва ба ин васила таъмин намудани воридшавии занон  ба соҳаҳои ғайримаъмулии иқтисодиёт.

Сеюм, ҳавасмандгардонии рушди гуногунсамтии фаъолияти соҳибкории занон, мусоидат ба устуворгардонии корхонаҳои мавҷудаи занони соҳибкор тавассути баланд бардоштани даромаднокӣ ва рақобатнокии онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ.

Бешубҳа,  қабул ва татбиқи лоиҳаи мазкур, ҳамчунин тадбирҳои дигари марбут ба  соҳибкории занон ба афзоиш ёфтани саҳми занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти мамлкат, аз ҷумла васеъ гаштани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон мусоидат менамояд.

Боварии комил аст, ки модарону занони Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ дар баробари тарбияи наслҳои ояндасозу ободгар, инчунин баҳри рушди маҷмуии мамлакат, бахусус соҳибкорӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва боло рафтани некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ аст, саҳми назаррас мегузоранд.

Роҳбари Котиботи
Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ
Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»