РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Теҳрон бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 нишаст баргузор гардид

15 март дар Теҳрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Муассисаи таҳқиқоти оби Эрон бо ҳузури намояндагони вазоратҳои умури хориҷа, неру, муассисаи мазкур, ниҳодҳои дигари марбут ба соҳаи об ва расонаҳои хабарии эронӣ бахшида ба татбиқи ҳадафҳои Конфронси оби СММ нишаст баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ дар бораи аҳамияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об, инчунин доир ба иқдоми нави Пешвои миллат дар мавриди қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки 14 декабри 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо иттифоқи оро қабул кард, маълумоти муфассал ироа намуд.

Дар ин замина нақши Конфронси СММ дар пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат мегирад, шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар ҳамоиш видеоклипҳо дар бораи захираҳои обии Тоҷикистон ва лаҳзаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои Маҷмаи Умумии СММ доир ба масъалаҳои об ба намош гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мешавад. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон