Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ оғоз бахшиданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Зафаробод Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии дастӣ аз абрешим «Шарифамоҳ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Коргоҳи навбунёд дар маркази деҳа ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Авулов таъсис дода шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳ бо таҷҳизоту дастгоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии муосир муҷаҳҳаз карда шуда, дар он барои 20 зану духтари маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд.

Коргоҳи дӯзандагии «Шарифамоҳ» асосан барои дӯхтани либосҳои мактабӣ пешбинӣ гардида дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона, варзишӣ, ҳарбӣ ва ғайра омода месозад.

Ҳамчунин дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» дар коргоҳ бо таъмин гардидани дастгоҳҳои қолинбофии дастӣ ин ҳунари суннатӣ ривоҷ дода мешавад. Занону духтарони ҳунарманд тавассути дастгоҳҳо бо усули анъанавӣ қолинҳои абрешимӣ истеҳсол менамоянд. Ин намуди қолинбофӣ дар байни ҳунармандони халқӣ маъмул буда, солҳои охир рушд меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки як самти фаъолияти маркази ҳунармандӣ ба омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳа мебошад. Маҳз бо таъсиси ҳамин коргоҳ дар деҳа шумораи ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла қолинбофон аз байни занону духтарони маҳаллӣ зиёд мегардад.

Таъсиси коргоҳи қолинбофӣ ба рушди ин ҳунари анъанавӣ ва бахусус бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони деҳа ва соҳиби даромад шудани онҳо замина фароҳам месозад. Таъсиси ҳамин гуна коргоҳҳо баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад. Асоси қолинҳои дастиро нах ва риштаи абрешимӣ ташкил медиҳад. Дар истеҳсоли қолин истифода шудани риштаи абрешимӣ бо нақшу нигори зебои миллӣ асоси сифати қолини дастибоф ва серхаридор гардидани маҳсулот дар бозори берунӣ аст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардидааст.

Бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ ташкил гардида, дар самти соҳибкасб шудани занону духтарони бешуғл шароит фароҳам оварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин иқдому ташаббуси созандаи соҳибкор дар самти рушди саноат ва ҳунар дар деҳот баҳои баланд дода, фаъолияти ин коргоҳро омили муҳими таъмини занону духтарон бо ҷойи кор ва даромаднокӣ аз ин ҳисоб арзёбӣ намуданд.

Ифтитоҳи коргоҳи дузандагӣ ва қолинбофӣ дар ноҳияи Зафаробод   31.03.2023