«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Пагоҳ дар Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мешавад

Пагоҳ, 21 март дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Инчунин дар ин рӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар доданд.

Дар доираи фестивал ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Фестивал соли панҷум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.

Ҷашни Наврӯз бо хусусияти хоси худ яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи намоиш баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони мамлакат пешкаши ҳозирин гардонида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»