Дар Австрия Намоишгоҳи байналмилалии фароғатии бародаршаҳри Душанбе — Клагенфурт оғоз гардид

Аз 31 март то 2 апрел дар шаҳри Клагенфурти Австрия Намоишгоҳи байналмилалии фароғатии бародаршаҳри Душанбе – Клагенфурт  баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун меҳмони фахрӣ дар доири ҳамкории бародаршаҳрӣ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи сафари намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Австрия таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Клагенфурт, муаррифии шаҳри Душанбе дар ҳавзаи Аврупо, тарғибу ташвиқи зарфияти сайёҳии шаҳри Душанбе дар байни доираҳои гардишгарии бузурги қитъаи Аврупо буда, инчунин дидору мулоқоти судманд бо ҷонибҳои ҳавасманд бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар назар аст.


Аз ҷумла, ҳайати расмии шаҳри Душанбе дар шаҳри Гратсии Австрия бо роҳбарияти ширкати «eee Austria International Projects GmbH», ки дар соҳаи рақамикунонӣ фаъол мебошад, мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имконияти ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судмандро  дар самти рақамикунонии раванди шаҳрсозӣ баррасӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз соли 1972 Душанбе ва Клагенфурт бародаршаҳр мебошанд.

   АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия