35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе сохтмони меҳмонхонаҳои замонавӣ ҷараён дорад

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе бунёду навсозии 10 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардид. Дар айни ҳол 3 адади он мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Чунин иброз дошт муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар пойтахти  мамлакат  бо мақсади рушди сайёҳӣ ва баҳри ба шаҳри  сайёҳон  табдил додани Душанбе якчанд тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла,  то соли 2021 сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ   гардида буд.

Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.

Меҳмонхонаи «Дипломат» яке аз онҳост,  ки  дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтар №3, ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе бунёд мегардад. Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» бунёд гардида, дорои таваққуфгоҳи зеризаминӣ, маркази савдо, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.

«Сафо плаза»  аз  ҷумлаи  меҳмонхонаҳои  дигаре мебошад, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бунёд карда мешавад.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ  аз тарафи коргарони ширкати «Декор Инвест» дар масоҳати 5 гектар шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон бунёд карда мешавад.

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт  меҳмонхонаи 9-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои марказҳои хизматрасонии сеситорадор бунёд карда мешавад. Иншоот  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов сохта мешавад. Тибқи лоиҳа, иншооти муосири хизматрасонӣ – сайёҳӣ аз 115 ҳуҷра бо шароити замонавӣ иборат буда, бо имкони қабули 200 нафар дар як вақт бунёд мегардад. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ то 100 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва баъди пурра ба истифода додани он 50 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ инчунин тазаккур дода шуд, ки дар ин давра яке аз иншооти муҳими ҷашнӣ – «Майдони истиқлол» ба маблағи умумии зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ бунёд гардида, дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»