«ҲУНАРИ ПАЙКАРАСОЗӢ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ ёфт

 «Ҳунари пайкарасозӣ»- таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Зимни ифтитоҳи намоиш таъкид карда шуд, ки ҳунари пайкарасозӣ таърихи қадимӣ дорад ва имрӯз пайкара ва нимпайкараҳо як ҷузъи муҳими фонди Осорхонаи миллиро ташкил дода, дар инъикосу муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик нақши муассир доранд.

Дар намоиш зиёда аз 50 пайкара ва нимпайкараҳои офаридаҳои пайкарасозони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд. Пайкара ва нимпайкараҳои пешниҳодгардида фарогири мавзӯъҳои гуногун, аз қабили дӯстӣ, ҷавонӣ, донишҷӯӣ ва илмомӯзӣ мебошанд. Муаллифон асарҳои худро бо истифода аз гаҷ, сафол, чӯб, чӯян, санги хоро (гранит), навъҳои гуногуни гил ва дигар навъҳои сангу филиз офаридаанд.

Дар намоиш асарҳо бо номҳои «Духтари мактабхон», «Суғдиён», «Муаллима», «Орзу», «Чӯпон», «Низомиёни савора», «Суруди кӯҳҳо», «Бинокорзан», «Шоир Басир Расо», «Боқӣ Раҳимзода», «Рассом Лисиков И.Л.» ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.

Ҳадаф аз баргузор намудани намоиш инъикоси ҳунари пайкара ва нимпайкарасозӣ мебошад, ки ба воситаи ин ҳунар рӯйдодҳои таърихӣ, чеҳраҳои шинохта, орзую омол ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик таҷассум ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар фонди Муассисаи давлатии Осорхонаи миллӣ беш аз 400 пайкара ва нимпайкараҳо ҷамъоварӣ ва ҳифз мегарданд, ки аз рӯзгори гузаштаи ниёгонамон қисса мекунанд.

Намоиши «Ҳунари пайкарасозӣ» то 1 март идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон