«ТОҶИКИСТОН ДӮСТОНРО ИНТИЗОР!». Дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти чунин унвон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд

26 феврал бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи этнографии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Тоҷикистон дӯстонро интизор!» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз ташкили ин ҳамоиш тарғиби тамаддун, анъана ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик барои доираи васеи меҳмонон аз ниҳодҳои давлатии кишвари иқомат мебошад.

Ҳамоиш аз ду қисм иборат буд. Дар қисми аввали он мастер-классҳо бахшида ба тарзи омода намудани кундал, санъати нақошӣ, кулолгарӣ, расму оини ҷашни Наврӯз доир шуда, дар бахши дуюм наворҳо бахшида ба таърих, дастовардҳои ҷумҳурӣ, рақсҳои миллии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва варзишҳои суннатии миллати тоҷик манзури меҳмонон гардиданд.

Дар баробари ин дар толори асосии осорхона ғурфаҳо бо либосу сӯзанӣ, нигораю аксҳо, ҳунурҳои мардумӣ, китобҳои муаррифи таърих, фарҳанг ва дастовардҳои Тоҷикистон омода гардида, ба намоиш гузошта шуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон