«СУРАҶКУНД МЕЛА-2023». Фарҳанги мардуми тоҷик дар Фестивали байналмилалии Ҳиндустон муаррифӣ гардид

Аз 3 то 19 феврал дар шаҳри Сураҷкунди Ҳиндустон бо иштироки намояндагони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд Мела — 2023» баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҳунармандони Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Дар фестивали мазкур инчунин намояндагон — ҳунармандони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Русия, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон ва 50 давлати ҷаҳон иштирок карда, санъату ҳунари миллати худро муаррифӣ намуданд.

Аз Тоҷикистон дар Фестивал панҷ нафар ҳунармандони дастаи Ансамбли рақсии «Чаман»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, 4 нафар сарояндагони Ансамбли «Фалак»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаш нафар ҳунармандону ошпазон иштирок намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон ба иштирокдорону меҳмонони Фестивал суруду рақсҳои миллӣ, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, либосҳо ва хӯрокҳои миллиамонро, ки таъриху фарҳанги миллати тоҷикро бозгӯӣ менамуданд, намоиш доданд.

Инчунин дар гӯшаи намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон армуғони зиёди ҳунарҳои мардумӣ — гулдӯзию сӯзаниҳои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар намоишгоҳ сайёҳон ва ширкаткунандагони Фестивал аз меҳмоннавозию меҳмондории миллати тоҷик баҳравар шуданд. Ошпазони моҳири тоҷик оши палави тоҷикӣ омода карда, ба дӯстдорони таомҳои миллии тоҷикӣ ва миллатҳои гуногун пешниҳод намуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон