Дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» деворҳои куҳандиз эҳё мегарданд

Дар асоси лоиҳа дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»  эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҳоло беш аз 10 ширкати сохтмонӣ бо фарогирии зиёда аз 150 нафар сохтмончӣ дар бунёди ин иншооти таърихию фарҳангӣ фаъолият менамоянд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик шумораи коргарон то ба 300 нафар расонида шавад.

Дар корҳои навсозии ин иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ҷалб гардида, дар ҳудуди қалъа сохтмони иншооти ёрирасон идома дорад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои навсозӣ  дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки  Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  он навсозӣ карда  мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд