Дар Душанбе оид ба таҳкими иқтидори кормандони соҳаи ҳифзи ёдгориҳо ҳамоиш баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) оид ба рушди маҳорати  кормандони бахши  ҳифзи ёдгориҳо ҳамоиш баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз танзими ин ҳамоиш таҳкими абзори ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихии мамлакат ва тарғибу ташвиқи он ҷиҳати ворид намудан ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Иштирокдорони ҳамоиши мазкур дар бораи механизмҳое, ки дар конвенсияҳои байналмилалӣ дар ин мавзуъ пешбинӣ шудаанд, маълумоти бештар гирифтанд.

Дар ҳамоиш мутахассисон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуданд ва дар анҷом ба онҳо шаҳодатномаҳо супорида шуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон