Фаъолияти коргоҳҳои хӯрди қолинбофӣ  ба рушди ҳунармандӣ ва истеҳсоли қолиниҳои дастӣ заминагузоранд

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, ки ҳамчун воситаи муаррификунандаи фарҳангу ҳунари бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. 

Қабулу татбиқи барномаи давлатии «Рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» дар вилояти Суғд ба рушди ин соҳа мусоидат намуда,  ба корхонаҳои дар ин самт фаъолияткунанда имкон фароҳам овард, ки дар баробари аз нав кардани хати технологии корхонаҳо хаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд карда шавад. Ин аз ҳисоби таваҷҷӯҳу пешниҳоди имтиёзҳои давлатӣ, дастгириҳои молиявӣ ба воситаи грантҳои Президентӣ, мусоидати мақомотҳои маҳаллӣ ва ҳавасмандии ҳунармандон ҷиҳати тақвияти соҳа мебошад. Зеро бо корҳои ободониву созандагӣ, ҷалби сайёҳон ба тамошои манзараҳои зебои мамлакат ва таваҷҷӯҳи онҳо ба ҳунару анъанаҳои халқи тоҷик бештар мегардад. 

Дар вилояти Суғд корхонаи калони қолинҳои “Қайроқум” фаъолият дошта, солҳои охир дар доираи барнома барои фаъолияти мунтазами корхона дастгоҳу таҷҳизоти нав аз кишварҳои пешрафта ворид карда, самаранокии корро баланд намуд. Қаблан то соли 2018 ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд ва баъди ба кор андохтани таҷҳизоти нав имконият фароҳам омад, ки 60  фоизи ашёи хом барои қолинбофӣ дар дохили корхона истеҳсол карда шавад. Ҳоло корхона дар истеҳсоли  колинҳои ватанӣ фаъолияти назаррас дорад. 

Дар ин баробар ташкили коргоҳҳои хӯрди қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба рушди ҳунармандӣ ва истеҳсоли қолини дастӣ замина гузошт. Ҳоло дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 283 маркази таълимӣ-истеҳсол  фаъолият дорад, ки бо мақсади ба шуғли доимӣ таъмин шудани бонувон ва омӯзиши ҷавонон ташкил ёфтаанд.  

Боиси зикр аст, ки дар таъмини ҳадафи чоруми стратегии кишвар, ки саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб меёбад, саҳми ҳунармандон низ назаррас аст, зеро асоси корхонаҳои истеҳсолиро ҳунарҳои мардумӣ ташкил медиҳанд. 

Дар вилояти Суғд ҷиҳати рушди қолинбофии дастӣ тадбирҳои созанда роҳандозӣ гаштаанд, ки  метавонанд дар рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мусоидат намоянд.