Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Милан

25 январи соли 2023 дар шаҳри Милан бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо қароргоҳ дар Париж) имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар соҳибкорон ва сармоягузорони итолиёвӣ иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Ҷамолиддин Убайдулло ба ҳозирин оид ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлолият, ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, фазои мусоид ва лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, инчунин имкониятҳои фаровони тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Манбаъ: ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон