Дар Фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар нуқтаи иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шуд

Дар Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Бохтар нуқтаи иттилоотии сайёҳӣ ташкил гардид. Ҳамчунин бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба меҳмонон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ сомонаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Масъулини шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон иброз доштанд, ки ин амалҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии вилоят ва ба сайёҳон дастраст будани маълумотҳо роҳандозӣ гардидааст.

Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёгонро дар худ нуҳуфтааст, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.

Дар айни ҳол дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 18 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 ҳомстей ва гестхаус, 88 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуданд. Инчунин, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дилшод Шоҳзода, дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 408 ҳазору 448 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлонро тамошо кардаанд. Аз ин теъдод 15 ҳазору 570 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Соли 2021 аз вилояти Хатлон беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон, аз ҷумла 2676 сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Бознашр аз АМИТ «Ховар»