БЕШ АЗ 3066 НАФАР САЙЁҲИ ХОРИҶӢ АЗ  ОСОРХОНАҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДИДАН КАРДАНД

Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Хуҷанд, ки яке аз 10 осорхонаи бузурги сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон мебошад, 29 ноябри соли 1986 дар чаҳорчӯбаи тадбирҳои таҷлили 2500-солагии ин шаҳри бостонӣ ифтитоҳ ёфта, дар он намунаҳое аз осори таърихи гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудаанд.

Он дар қисмати шарқии Қалъаи кӯҳнаи Хуҷанд, ки ба қарнҳои 9-10 мутааллиқ аст, ҷойгир мебошад, имрӯзҳо ба макони зиёрати садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ мубаддал гардидааст.

Бозёфтҳои археологӣ – сафолоти хуму кўзаҳо, косаву ҷоми сафолӣ, дарёфт шудани хуми калонҳаҷми ғалланигоҳдорӣ (11 хуми архаикии калон), ғаллакўбҳои сангиву ўғурҳои сангӣ, қисмҳои олоти бофандагӣ ва ғайра шаҳодати онанд, ки ғаллаистеҳсолкунӣ ва захиракунии маводи хўрока, бофандагиву кулолгарӣ ва хоҷагии кишоварзиву ҳунармандии шаҳриён ба роҳ монда шуда будааст.

Ҳоло осорхонаи вилоятӣ аз ду толори хӯрд ва се толори калон иборат буда, дар онҳо беш аз 15 ҳазор нигораҳо маҳфузанд. Ҳамарўза ба ин осорхона шумораи зиёди сайёҳони хориҷиву дохилӣ ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон ошно мегарданд. 

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ беш аз 44 ҳазор нафар, аз ҷумла 3066 нафар сайёҳи хориҷӣ аз осорхонаи мазкур дидан намуданд.