Баргузории намоиш-фурӯши либос ва маҳсулоти заргарӣ дар меҳмонхонаи «Hilton»

Иттиҳодияи эҷодии “T&Z” бо мақсади саҳмгузорӣ дар панҷсолаи эълони солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкориву ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 11-уми декабр дар пойтахти кишвар чорабинии тахассусӣ-намоиш-фурўши Pop Up Dushanbe-ро дар меҳмонхонаи «Hilton» баргузор намуданд.

Гурўҳи эҷодии “T&Z” бо доир намудани Намоиш-фурўши либос ва дигар маҳсулои заргариву ороишӣ тасмим дорад, ба сокинон маҳсулоти босифатро зери унвони “Made in Tajikistan”, яъне истеҳсол дар Тоҷикистонро пешниҳод созанд, то онҳо зиёдтар ба маҳсулотҳои ватанӣ дастрасӣ дошта бошанд. 

Сокинону меҳмонони пойтахт имкон пайдо намуданд, ки аз аввалинҳо шуда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи тарроҳони ватаниро дастрас намуда, соҳиби либос, пойафзол, нассоҷии хонагӣ ва лавозимоти баландсифат шаванд.

Бояд қайд кард, ки баргузории намоиш-фурўши либос ва маҳсулоти заргарӣ зери унвони “Pop Up Dushanbe” бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон доир мешавад ва дар ҷараёни кори он тарроҳони кишвар, корхонаҳои истеҳсолие, ки ба омода намудани либос ва дигар маҳсулоти нассоҷӣ машғул мебошанд, маҳсулоти дастии худро ба намоиш-фурўш  гузоштаанд. Бояд таъкид намуд, ки дар доираи баргузории намоиш-фурўши либос ва дигар маҳсулоти заргарӣ ба он бештар корхонаҳои истеҳсолие, ки аз пахта ва нахи он либос омода менамоянд, ҷалб карда шудаанд.