Шоҳи ҳунарҳо – Зардӯзӣ

Бо эълон гардидани соли рушди деҳот сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ тамоми сокинони кишвар талош намуда истодаанд, ки ҳунари гузаштагони худро эҳтиром намуда, баъзе ҳунарҳое, ки дар арафаи нобудшавӣ  буданд аз нав эҳёву барқарор кунанду ҳам ҷои кори барои шахсони бешуғл ва ҳам хубу бегазанд нигоҳ доштани мероси гузаштагонамон гардонанд. 

Зардӯзӣ навъи аз ҳунармандие, ки бо торҳои симу зар дар матоъ гулу нақшҳои гуногун меофаранд, ки бо торҳои заррину нуқрагин нақшу нигор эҷод мекунанд. Зардӯзӣ бисёр ҳунари волои ҳунармандон буда, барои одамони шӯҳратманд аз ҷониби ҳунармандон ё соҳибмаҳфилҳо ҳамчун ҳадя тақдим карда мешавад.

Бисёртар дӯхти либосҳои зардӯзишуда, яъне тоқии зардӯзӣ, халати зардӯзишуда, чодар  барои наварӯсон ва ғайра дар шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан хуб ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи дӯхт бо нафосату шукӯҳи бадеии худ фарқ мекунад. Дар сарчашмаҳои бадеию адабӣ оид ба зардӯзӣ гуфтаҳо бо навиштаҷоти саёҳони машҳури хориҷӣ оварда шудаанд, ки дар давраҳои мухталиф ба шаҳрҳои Осиёи Марказӣ омада буданд, онҳоро сару либоси зардӯзишудаи аҳли ҳунар ба ҳайрат оварда буд. Ин навъи санъат асосан дар асрҳои 19–дар шаҳри Бухоро равнақ ёфтааст. 

Аслан дар санъати зардӯзӣ ду навъи нақшдӯзӣ яъне заминидӯзӣ ва гулдӯзӣ маъмул аст. Дар заминидӯзӣ нақшҳо бо ҳам пайваст гардида, тамоми заминро яклӯхт фаро мегиранд ва дар матоъ ҷои холӣ намемонанд дар гулдӯзӣ бошад танҳо нақш аз рӯи нусха дӯхта мешавад.  Зардӯзони имрӯза нозукиҳои ҳунари гузаштаи худро боз равнақу  такмил дода, нақшҳои наву зебову пурмазмунро эҷод мекунанд, ки бо чунин номҳо муаррифӣ мешаванд, офтоб, бул-бул, ғунча, садбарг, чашми бул-бул, мавҷ, навдаи маҷнунбед  ва ғайра аз қабили дигар нақшҳо буда, дорои технологияи махсус ва бандубасти мураккаб мебошад. Ҳамин тавр зардӯзиро метавон шоҳи ҳунарҳо номид, зеро бо ҷаззобияту зебоии худ аз  дигар ҳунарҳо ба кулли фарқияти калон дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  авҷ ёфтани ҳунарҳои мардумӣ хело хуб ба чашм мерасад, ки аз он ҷумла ҳунари зардӯзӣ бисёр ба сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.