АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ 193 РӮЗ ДАР КАЙҲОН ПАРАФШОН БУД БА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ТАҚДИМ КАРДА ШУД

Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  бори нахуст аз ҷониби кайҳоннавард – Солиҷон Шарипов ба кайҳон бароварда шуд ва муддати 193 рӯз ва ё тақрибан 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд, дар арафаи таҷлил аз 30-солагии Рӯзи Парчами давлатӣ ба Осорхонаи миллӣ тақдим карда шуд.

Дар арафаи таҷлил аз  рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Росия маросими тақдими Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт ки ин Парчам нахустин парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба кайҳон бароварда шудааст.

Дар чорабинии мазкур муовини сарвазири мамлакат – Матлубахон Сатториён, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафрири фавқулодда ва Мухтори Федератсия Росия дар Тоҷикистон, Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, кайҳоннавард – Солиҷон Шарипов ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки 24 уми октябри соли 2004 тоҷикписар, кайҳоннаваради Росия – Солиҷон Шарипов дар ҳайати 10 умин экспедитсияи Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба кайҳон парвоз намуда, бо худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба он ҷо интиқол дод, ки то 24 уми апрели соли 2005 дар онҷо қарор дошт. Ин аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки муддати 193 рӯз ва ё тақрибан 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд.

Пас аз суханронии иштирокдорон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  нахустин бор ба кайҳон бароварда шудааст дар вазъияти тантанавӣ ба “Осорхонаи миллӣ” тақдим карда шуд.