Осорхона – муаррифгари фарҳангу тамаддун ба ҷаҳонгардон

Таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба кишвари мо ба мероси таърихию фарҳангӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон имрӯз макони муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба ҷаҳониён гардидааст. 

Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соли 1985 таъсис ёфта, дорои 6-шӯъбаи намоишӣ буда, дар он зиёда аз 3500 адад нигораҳои аз асрҳои 6 то даврони соҳибистиқлолии мамлакатамон ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад.    

Маврид ба зикр аст, ки бинои нави осорхонаи мазкур 28 октябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳраки Балхӣ ифтитоҳ гардидааст.

Ҳар як шахси худогоҳи ҷомеаро мебояд баҳри нигоҳубини ин ёдгориҳо саҳмгузор бошад, то насли оянда донад, ки миллати тоҷик аз давраҳои аввали давлатдорияш  соҳиби илму фарҳанг, забон ва тамаддуни волои хеш буд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар давраҳои қадим бо маданияту фарҳанги ғангии худ миёни дигар халқиятҳо  ҷойгоҳи махсуси худро доштанд.  Ҳамаи он ёдгориҳои таърихие, ки имрӯзҳо дар ҷойҳои махсус ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад, бозгӯкунандаи таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳамаи он ёдгориҳои таърихие, ки аз минтақаи Хатлон дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносон ёфт шудаанд, дар осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Дар умум, ҳар меҳмони Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ метавонад бо гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик пурра ошноӣ пайдо намояд.