АМАЛИШАВИИ “БАРНОМАИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021- 2025” ДАР МАМЛАКАТ

Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021- 2025 бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул таҳия гардидааст.

Барномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 октябри соли 2020, таҳти рақам 570 тасдиқ гардида, дар раванди амалисозии барнома ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеи тарафҳои манфиатдор ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд шешбинӣ гардидааст, ки дар соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд фаъолият менамуд, ки 563-нафар дар ВМКБ, 2431 нафар дар вилояти Хатлон, 1831 нафар дар вилояти Суғд, 1424 нафар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва 556 нафар дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда буданд.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар соли 2021 шумораи ҳунармандон дар ҷумҳурӣ ба 6752 нафар расидааст, ки  онҳо аз рӯи усули омӯзиши амалии “Устод-шогирд”, аъзои хонавода ва кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳунармандӣ мушғул мебошанд.

Бояд гуфт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ бевосита ба ташаккулёбии бозори меҳнат ва таъмини шуғли аҳолӣ таъсири самарабахш мерасонад. Аз ин рӯ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи  ҳунармандон тавассути мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз соли 2019 иҷониб дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат давра ба давра ифтитоҳ гардиданд, ба харидорон пешниҳод карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунармандон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз пардохти ҳама намуди андозҳо озод намудани ҳунармандон, дар рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасманд намудани ҳунармандон заминаи мусоид фароҳам овард.