Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” соҳиби ду ҳавопаймои нав гардид

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои нави Боинг 737-800-ро муаррифӣ намуда, шумораи ҳавопаймоҳои худро бештар кард. Маросими муаррифии ҳавопаймои нав бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҶТ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ҳайати Боинг, ширкатҳои сайёҳӣ ва шарикон баргузор гардид. Қабули ҳавопаймои нав ба таҷлили 31- умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ рост омода, руйдоди наве дар таърихи соҳаи авиатсияи кишвар гардид. Ҳавопаймо аз 189 курсӣ иборат буда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст.  Тавре гуфта шуд, дар осотонаи таҷлили рӯзи Истиқлолияти давлатӣ боз як ҳавопаймои дигари Боинг 737-800 шомили парки ҳавопаймоии ширкат хоҳад шуд. Ҳарду ҳавопаймо дар асоси лозинги амалиётӣ аз  бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ACG гирифта шудаанд. Пас аз дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз соли 2008 дар бозори байналмилалии ҳавоӣ бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассотсиатсияи байналмилалии  нақлиёти ҳавоӣ мебошад. Парки ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 737-900 иборат аст. Ширкат аз Тоҷикистон ба кишварҳои Олмон, Аморати муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Федератсияи Руссия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳо мунтазам анҷом дода, дар айни замон ҷиҳати барқарорсозии парвозҳо ба самти Ҷумҳурии мардуми Чин ва роҳандозии парвозҳои мунтазам ба самти Арабистони Саудӣ чораандешӣ менамояд.