ХУФ – ВОДИИ ЗЕБОМАНЗАРИ БАДАХШОН

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон Фестивали экологӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Ганҷи Бадахшон» баргузор гардид. 

Саҳмдорони ин чорабинии судманд Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» ва «Кӯҳсори Бадахшон» дар рустои Хуфи деҳоти Пастхуф буданд. Фестивал бо ширкати коршиносони масоили муҳити зист, олимони Институти биологии Помири Академияи миллии илмии Тоҷикистон гузашт.

Деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшон дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр, миёни чаҳор кӯҳи сар ба афлок ҷой гирифта, аз хушманзаратарин водиҳои кишвари мост. Дар бораи ин макон ҳанӯз дар солҳои аввали асри бист мардумшиноси машҳури рус Михаил Андреев асари калонҳаҷми «Тоҷикони водии Хуф» – ро интишор дода буд. 

Ҳозирин таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо барои рушд ва тарғиби сайёҳии кӯҳнавардӣ бисёр муфид аст.

Манбаъ: jumhuriyat.tj