Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ба моҳвора пайваст шуд

Бо мақсади истифодаи иқтидорҳои воқеии сайёҳии деҳот ва рушди он, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина муаррифӣ намудани табиати зебоманзари кишвар, таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва эҳёву ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ 1-уми апрели соли равон Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  дар фазои иттилоотии мамлакат фаъолияти худро оғоз намуд. 

Дар қадами аввал пахши барномаҳои телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо фарогири мавҷи ноқилӣ дар ҳаҷми 16 соат пешкаши тамошобинон карда мешуд. Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ин ҷониб шабака тавассути моҳвораи “АЛ ЯҲ” пахш гардида, бинандагон метавонанд барномаҳои ҷолибу дидании ин шабакаро  дар сартосари кишвар тамошо намоянд. Қобили зикр аст, ки телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи оиномаи муассиса барномаҳои худро бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ пахш менамояд. Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз Дастгоҳи марказӣ, Раёсатҳо, шуъбаҳои эҷодӣ  ва ҳайати техникӣ таркиб ёфтааст.  Айни замон барномаҳои “Эъҷоз”, “Диёр”, “Гардиш”, “Соҳибҳунар”, “Ривоят ва ҳақиқат”, “Як рӯзи деҳа”, “Гулдаст”, “Тақвим”, “Шифобахш”, “Зиннатафзо”, “Нигоҳи саёҳ”, “Меҳмонхона”, “Тарабхона” ва барномаи иттилоотии “Паём” ҳамарӯза бо се забон пахш мегарданд.  Барномаҳои мазкур инъикосгари беҳтарин маконҳои гардишгарӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, мавзеҳои таърихӣ ва хабару гузоришҳои фаврӣ мебошанд.

Огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеъи табақаҳои гуногуни ҷомеа  ба рушди  ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари  сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат рисолати асосии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дониста мешавад ва баҳри иҷрои ин амал кормандони ин муассиса  ҳамвора талош менамоянд.