Истеҳсоли маводи доруворӣ бо истифода аз растаниҳои шифобахши кишвар вусъат дода мешавад

Баъд аз ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса бо аҳли маорифи пойтахти кишвар мулоқот карда,  зимни суханронӣ дар бораи ширкатҳои дорусозии кишвар ибрози назар намуданд.

Зимни баромад Президенти кишвар ба Академияи миллии илмҳо дастур доданд, ки ҷиҳати дар сохтори Академия таъсис додани​ Институти омӯзиши гиёҳҳои шифобахш​ чораандешӣ намоянд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон бо имконот ва захираҳои фаровони гиёҳҳои шифобахши худ метавонад содироти маводи аз лиҳози экологӣ тоза ва табииро бамаротиб зиёд намояд. Ҳамзамон, бо василаи гулу гиёҳ ва обҳои шифобахши кишвар мо метавонем саёҳати табобатиро рушд диҳем.

“Дар самти истифодаи захираҳои табиати кишвар ва имкониятҳои соҳаи тандурустии мамлакат корро тавре бояд ташкил кард, ки ба хориҷа барои табобат рафтани шаҳрвандони мо тадриҷан аз байн бурда шавад ва баръакс, бо мақсади саёҳати табобатӣ ва дигар намудҳои табобат ба Тоҷикистон омадани хориҷиҳо афзоиш ёбад. Ҳамзамон, муайян кардани захираи растаниҳои шифобахш барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли дорувории ватанӣ низ муҳим дониста мешавад”, – зикр доштанд Сарвари давлат.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи рушди дорусозии ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Аз ҷумла, аз ҷониби Ҳукумат соли 2020 «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» қабул карда шуда буд, ки мақсади асосии он таъмин намудани рушди устувори саноати дорусозӣ ва таъмини ҷойҳои холии корӣ ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президент