Дар шаҳри Хоруғ озмуни “Ҳунарманди сол” баргузор гардид

Озмуни “Ҳунарманди сол” иқдоми созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф аз баргузор намудани он интихоб намудани беҳтарин мӯҳрабофон, тоқидӯзон, ҷӯроббофон, оҳангарону чӯбтарошон мебошад. Дар даври вилоятии ин озмун, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, иштирокчиёни беҳтарине, ки дар даврҳои шаҳрию ноҳиявӣ ғолиб дониста шудаанд, ширкат намуданд.

Занони ҳунарманди ноҳияи Ванҷ низ дар баробари  дигар бонувони вилоят ба ҳунари мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо дастранҷи хеш дар ин озмун ширкат варзиданд. Ҷамила Усмонова як тан аз занони ноҳияи Ванҷ зимни суҳбат арз дошт, ки 12 сол боз ба рушду равнақ додани ҳунарҳои миллӣ, машғул буда, то ин муддат чанд дастпарваронро дар ин ҷода ба камол расонидааст.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ аз намоишгоҳ дида намуда, ҳайати ҳакамон ҳунарҳои дастии иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд. Ҷойи якум соҳиби ҳунарманди шаҳри Хоруғ Фарангис Гулмирзоева, ҷойи дуюмро сокини ноҳияи Шуғнон Саид Миралибеков соҳиб гардида, Ҷамила Усмонова сокини ноҳияи Ванҷ мақоми сеюмро касб намуд. Ғолибон бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.