Баргузории озмуни «Ҳунарманди сол» дар Душанбе

26 август дар Душанбе озмуни шаҳрии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад.  Озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардида, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ мебошад. Озмун аз рӯи 6 номина: кандакорӣ-дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ-рассомӣ, кулолгарӣ-аъҷубасозӣ, бофандагӣ ва коркарди металл баргузор мегардад.