«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун доир мегардад

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  2 июн дар пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ва ба насли оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мусоидат менамояд.

Озмуни мазкур аз рӯи 7 номинатсия: кандакорӣ, чӯбтарошӣ сабадбофӣ; гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ; заргарӣ, мисгарӣ ва оҳангарӣ; ороиш аз санг; кулолгарӣ; читгарӣ, зардӯзӣ ва попурӣ; намадбофӣ ва қолинбофӣ доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»